Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Амрико аз ирсоли полис ба Қирғизистон


Ноиби вазири умури хориҷии Амрико, Ҷеймс Штейнберг, аз ирсоли гурӯҳи хурди пулиси сермиллат ба Қирғизистон ҳимоят карда ва гуфт, ин иқдом аз такрори эҳтимолии хушунатҳои байниқавмӣ дар ин ҷо пешигирӣ хоҳад кард. Низои хунини қавмии моҳи гузашта дар Қирғизистон, нигаронии ҷомеаи байналмилалиро аз субот дар Осиёи Марказӣ афзоиш дод. Рӯзи шанбе вазирони умури хориҷаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар нишасте дар Қазоқистон ба ирсоли гурӯҳи машваратии 52-нафарии пулис ба ҷануби Қирғизистон тасмим гирифтанд, аммо замони мушаххаси ирсоли гурӯҳ ҳанӯз муайян нашудааст.
XS
SM
MD
LG