Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳдномаи таърихии тиҷоратии Покистон ва Афғонистон


Афғонистон ва Покистон дар ҳузури Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико як созишномаи азими тиҷоратиеро ба имзо расонданд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба ин боваранд, ки рушди иқтисодӣ ва даромад дар ду тарафи марзи муштараки Афғонистон ва Покистон ба муборизаи зидди тундгароӣ кӯмак хоҳад кард. Қарордоди нав ҳамлу нақлро аз тариқи ин марз сабуктар мекунад. Акнун бояд порлумони Афғонистон ва ҳукумати Покистон ин аҳдномаи навро ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG