Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Кетрин Эштон ба Ховари Миёна


Кетрин Эштон, кумиссионери умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба хотири гуфтӯгу бо Салом Фаёд, нахуствазири Фаластиниён, вориди Рамаллоҳ шуд. Хонум Эштон бо ҳадафи эҳёи музокироти сулҳ миёни Фаластиниёну Исроил ба Ховари Миёна сафар кардааст. Бори дуввум аст, ки ӯ аз ин минтақа боздид мекунад. Дар барномаи сафараш ҳеҷ мулоқоте бо намояндагони созмони Ҳамос пешбинӣ нашудааст. Қарор аст, Кетрин Эштон рӯзи якшанбе бо Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил ва Авигдор Либермен, вазири умури хориҷа ва Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил дидору гуфтӯгу кунад.
XS
SM
MD
LG