Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Меркел ба боз шудани бозори Чин


Сарвазири Олмон, Ангела Меркел аз Чин даъват кард, бозори худро барои ҷаҳон боз кунад. Ин даъвати ӯ дар мулоқоташ бо сарвазири Чин, Вен Ҷябюао имрӯз дар Пекин садо дод. Сафари серӯзаи Меркел ба Чин, қарор аст, ба масъалаҳои иқтисодӣ тамаркуз ёбад. Олмон аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Чин буда, гардиши мол байни онҳо дар соли гузашта аз 100 миллиард доллар убур кардааст. Қарор аст, Меркел имрӯз бо раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG