Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ва Русия созишномаҳои миллиардолларӣ имзо мекунанд


Интизор меравад, имрӯз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар расми имзои як қатор созишномаҳо бо арзиши миллиардҳо доллар миёни ширкатҳои ду кишвар ширкат кунанд. Ҳукумати Русия мегӯяд, ҳангоми мулоқот дар шаҳри Екатеринбург, раҳбарони ду кишвар, масъалаи таъсиси «эътилофи стротежӣ” миёни ширкатҳои роҳи оҳан, ҳавопаймоӣ ва энержии Русияву Олмонро баррасӣ хоҳанд кард. Бино ба гузоришҳо, аз ҷумла ширкати "Сименс"-и Олмон бо Ширкати роҳҳои оҳани Русия, созишномае бо арзиши 2 миллиарду 800 миллион доллар барои тавлиди 200 поездҳои минтақавӣ барои Русия имзо хоҳанд кард. Медведев, имрӯз аз ширкатҳои олмонӣ даъват кард, ки дар корхонаҳои стротежии Русия, ки ҳоло ба рӯи саҳҳомони хориҷӣ боз шудаанд, сармоягузорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG