Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кумитаи Сенати Амрико Афғонистон баррасӣ шуд


Кумитаи муносиботи хориҷии Сенати Амрико бо Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот стратегияи Амрико барои Афғонистон ва нишонаҳои пешрафт дар ҷанги тақрибан даҳсола бар зидди Толибон ва ҳомиёни байналмиллалии онҳо баррасӣ шуд. Сенатори демократ Ҷон Керрӣ-раиси Кумитаи мазкур гуфт, стратегияи давлат барои ба даст овардани бартарӣ чандон рӯшан набуд. Ричард Лугар-сенатори ҷумҳурихоҳ шикоят кард, ки ҳадафҳои ҷанги Амрико дар Афғонистон норӯшан боқӣ мондааст. Ричард Ҳолбрук-фиристодаи Амрико изҳор дошт, ки масъулияти таъмини субот бар дӯши ҳукумати Афғонистон аст, вале маҳофили байналмиллалӣ бояд дар ин роҳ кӯмак ба ин ҳукуматро идома диҳанд:

"Афғонистон наметавонад пеш биравад, агар маҳофили байналмиллалӣ ба раҳбарии бузургтарин давлат-Амрико иҷрои уҳдадориҳои худро дар минтақа ба нируҳои низомӣ идома надиҳанд".

Стротегияи Амрико дар Афғонистон дар ҳоле дар Кумитаи муносиботи хориҷии Сенат баррасӣ мешавад, ки нируҳои Афғонистон ва нируҳои хориҷӣ ба амалиёти густарда бар зидди ҷунбиши Толибон дар Қандаҳор омодагӣ мегиранд. Қандаҳор пойгоҳи равонии Толибон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG