Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз таъхир дар ташкили ҳукумати Ироқ


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз нотавонии раҳбарияти сисёсии Ироқ, ки наметавонад ҳукумати нав ташкил диҳад, изҳори нигаронӣ кард. Бо вуҷуди ин ки аз интихоботи порламонии ин кишвар чанд моҳ гузаштааст, то ҳол дар Ироқ ҳукумати нав ташкил нашудааст. Хонум Клинтон дар ин бора дар Вошингтон баъд аз дидораш бо Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ изҳори назар кард. Дар интихоботи порлмонии Ироқ Иёд Алавӣ-нахуствазири пешини Ироқ 91 курсӣ ва Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири кунунӣ 89 курсӣ ба даст оварданд. Дар ин миён Эътилофи Миллии Ироқ низ 70 курсӣ ба даст овардааст. То ҳол ҳам Алавӣ ва ҳам Нурӣ ал Моликӣ иддао мекунанд, ки ҳақи ташкили ҳукуматро доранд.
XS
SM
MD
LG