Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Уганда дар инфиҷор бештар аз 60 нафар кушта шуд


Дар натиҷаи инфиҷори баме дар ду тарабхона дар Кампала-пойтахти Уганда бештар аз 60 нафар кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, ҳамлакунандагон ин ду тарабхонаро ҳадаф қарор дода буданд, зеро дар онҳо мардуми зиёд ҷамъ омада буданд, то аз телевизион бозиии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футболро тамошо кунанд. Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла як амрикоӣ низ ҳаст. Пулис ҳадс мезанад, ки ин кушторро гурӯҳи тундравҳои ал-Шабоб анҷом додааст. Ин гурӯҳ аз
ал-Қоида ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG