Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 20 кило урани 20 дарсад ғанишуда тавлид кард


Эрон мегӯяд, 20 килограм урани 20 дарсад ғанишуда тавлид кардааст. Алиакбар Солеҳӣ-раиси ниҳоди ҳастаии Эрон ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, ҳоло Эрон талош дорад лаъличаҳои сӯхт тавлид кунад. Солеҳӣ бори дигар иддао кард, ки то моҳи сентябри соли оянда Эрон барои реактори таҳқиқотии худ сӯхти ҳастаӣ тавлид мекунад. Урани ғанишуда метавонад чун сӯхти ҳастаӣ истифода шавад, вале аз он имкони тавлиди бами ҳастаӣ низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG