Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 полис ва як мақоми давлат дар Афғонистон


Ба камияш 11 корманди полис ва як мансабдори давлати Афғонистон дар се ҳамлаи ҷудогона дар шимоли ин кишвар кушта шудаанд. Ин ҳамлаҳо дар ду минтақаи вилояти Кундуз ва як минтақаи вилояти Бадахшон ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар яке аз онҳо раиси улусволии Қалъаи Золи вилояти Кундуз Муаллим Нозир ва ронандаи ӯ низ кушта шудаанд. Панҷ корманди полис аз инфиҷори бомбаи сарироҳӣ ба ҳалокат расидаанд. Занҷираи чунин рӯйдодҳо нишондиҳандаи ин аст, ки манотиқи як замон осудаи шимоли Афғонистон ҳарчӣ бештар ба коми ташаннуҷ кашонида мешаванд.
XS
SM
MD
LG