Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Сутягин баъд аз табодула ба Бритониё рафтааст


Игор Сутягин, пажӯҳишгари назорат бар таслиҳот, ки зимни табодулаи ҷосусони Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба озодӣ баромад, ба Бритониё расидааст ва дар яке аз шаҳрҳои атрофи Лондон мебошад. Наздикони мегӯянд, дар ин бора аз як гуфтугӯи телефонӣ бо ӯ хабардор шудаанд. Сутягин гуфтааст, ки ҳамроҳи ӯ як шахси дигар низ ҳаст, ки дар ин табодула ба озодӣ баромад ва дар Лондон мебошад. Ба ин тартиб ҳамаи 10 ҷосуси Русия ба Маскав расиданд, аммо аз 4 нафаре, ки дар ивази онҳо ба озодӣ баромаданд, танҳо 2 нафар вориди Вошингтон шуданд.
XS
SM
MD
LG