Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусҳои рус ба Маскав расиданд


Ба иттилои хабаргузориҳои Русия, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа ҳавопаймо бо даҳ ҷосуси аз Амрико ихроҷшудаи рус дар фурудгоҳи Дододедовои шаҳри Маскав нишаст. Аз ин пеш мақомоти ИМА ва Русия дар фурудгоҳи шаҳри Вена, пойтахти Австрия, табодули маҳкумшудаҳо ва боздоштшудаҳо бо иттиҳоми ҷосусиро анҷом доданд. Дирӯз вазоратҳои умури хориҷии Амрико ва Русия тайид карда буданд, ки хадамоти вижаи ду кишвар дар мавриди табодули маҳбусону боздоштшудаҳо созиш ҳосил кардаанд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳадди аққал ду нафар аз афроди дар ҷосусӣ ба нафъи Русия муттаҳамшуда хоҳиши зиндагӣ дар Русияро надоранд.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, шоми панҷшанбе Александр Запорожский, Геннадий Василенко, Сергей Скрипал ва Игор Сутягинро афв кард, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати кишварҳои ғарбӣ дар Русия ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуда буданд. Ҳамон рӯз додгоҳи федеролии Манҳеттени Ню-Йорк, баъд аз он ки даҳ нафари охирҳои моҳи гузашта боздоштшуда иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русияро ба гардан гирифтанд, дар бораи ихроҷашон аз кишвар ҳукм содир намуд.
XS
SM
MD
LG