Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои 23 -юми июн тасдиқ нашуд


Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омили "таркишҳои" рӯзи 23 -юми июнро боздошт намудаанд. Як манбаъ ба хабаргузории «Авесто» гуфтааст, ки ин шахс сокини шаҳри Душанбе мебошад ва таҳқиқот нишон додааст, ки ӯ дар воқеъ таркишеро роҳандозӣ накардааст.

Ин манбаъ ба хабаргузории "Авесто" инчунин гуфтааст, ки боздоштшуда як дастгоҳи техникие сохта будааст, ки зимни истифода садои баланди таркишмонанд ҳосил мекунад. Вале ҳеҷ гуна хатаре ба дубмол надорад.

Ба ин хотир, додгоҳ «муҷрими» «таркишҳои» шоми 23 -юми инро танҳо ҷарима хоҳад кард. Ӯ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ барои шӯхии шабонаи худ пардот мекунад. Аммо номи ин шахс дар хабар зикр нашудааст.

Шаби 23 -юми июн дар маҳаллаҳои Автовокзал ва Профсоюзи шаҳри Душанбе садоҳои таркишмонанде шунида шуд, ки сокинонро ба таҳлука овард.

Аммо мақомот аз ироаи ҳар гуна фарзияе худдорӣ карда буданд. Бо вуҷуде, ки бархе аз коршиносон он иттифоқотро воҳимаангезӣ дар миёни мардум унвон намуданд.

Вале мақомоти умури дохилӣ гуфта буданд, ки бештар мутмаъинанд, ин садоҳо на таркиши ҳадафмандонаи маводи мунфаҷира, балки оташбозии кӯдаконро мемонад.

Тафсилоти бештар:

Таркишҳои Душанберо таҳқиқ мекунанд

Ду инфиҷор дар шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG