Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта дар шаҳри Душанбе ду даъфа инфиҷор рух додааст. Ҳарду инфиҷор, яке дар маҳаллаи Зарафшон ва дигари дар минтақаи Автовокзал хисороти ҷонӣ ва молӣ ба дунбол надоштаанд. Мақомоти амниятӣ ва интизомӣ мегӯянд, ки саргарми таҳқиқи ин ду инфиҷор ва омилони он ҳастанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вале гуфт, ки ҳарчанд ин гуна садоҳои таркишмонанд дар ду се нуқтаи шаҳр, аз ҷумла дар наздики бозори собиқи Зарнисор ва маҳаллаҳои Автовакзал ва Профсоюз шунида шудааст, гурӯҳи тафтишотӣ то ҳол мушаххас накардааст, ки воқеъан ин инфиҷорҳо бар асари таркиши чӣ маводе рух додааст.




Ҳамзамон нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ба ҳоли омодабош оварда шудаанд, аммо мақомот мегӯянд, ин иқдом, ба манзури таъмини баргузории таҷлил аз 13 -умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифин аст.

Хабаргузориҳо аз қавли манобъи вазорати корҳои дохилӣ хабар додаанд, ки ба манзури таҳқиқи ин ҳодисаҳо аз ҷумлаи намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ комиссияи вижа таъсис шуда ва ба кор оғоз кардааст.

Дар мавриди илллат ва омилҳои ду инфиҷор ва ин ки ҳадаф аз чунин кор чӣ будааст, ва эҳтимолан кори дасти кадом гурӯҳе метавонад бошад, ҳеҷ фарзияи расмӣ ва ғайрирасмие то кунун ироа нашудааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG