Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрон хостанд ҳукми сангсорро иҷро накунад


Амрико ва Бритониё, аз Эрон хостанд, то ҳукми сангсори як занеро, ки ба зинокорӣ гунаҳкор дониста шудааст, иҷро накунад. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико аз мақомоти Эрон хост, бо риояти Қатъномаи байналмилалии ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба истифодаи ин таҷриба хотима диҳанд: "Ҳукми сангсор, баробар ба шиканҷа аст. Он ҳукми барбарона ва нафратангез аст." Пештар аз ин Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ҳукми сангсори Сокина Муҳаммад Оштиёниро “рафтори асримиёнагӣ” хонд, ки ӯро соли 2007 ба зинокорӣ гунаҳкор дониста ва 99 шаллоқ ҳам задаанд.
XS
SM
MD
LG