Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз панҷ тан аз зойирон дар Бағдод


Бар асари як ҳамлаи террористӣ дар Бағдод панҷ тан аз зойирини шиамазҳаб кушта ва беш аз даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полис, дар ҷанубу шарқи пойтахт дар назди гурӯҳи одамон бомб инфиҷор кард. Як рӯз пеш бар асари чанд ҳамлаи террористӣ алайҳи зойирин, ки дар маросимҳои марбут ба имом Мусо ал-Қадима ширкат мекунанд, 44 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG