Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвозҳои ширкати "Тоҷик эйр", ки ба далели қарздорӣ аз "Ширкaти таъминоти сӯхт" дар фурудгоҳи Душанбе қатъ шуда буданд, баъди таъхири даҳсоата аз сар гирифта шуданд. Аммо сухангӯи "Тоҷик эйр" гуфтааст, ки ин иқдом огоҳона паст задани эътибори ширкати давлатии ҳавопаймоӣ мебошад.

Парвозҳои «Тоҷик эйр» ба Маскав, Хуҷанд, ва Санкт - Петербург, дирӯз ба таъхир уфтода буд.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" гуфт, сабаби таъхир дар парвозҳо қарздории ширкати давлатии "Тоҷик эйр" мебошад.

Ӯ афзуд, баъди музокира ва гуфтушуниди ширкати ҳавопаймоӣ ва ширкати таъминоти сӯхт мушкилот ҳал шудааст ва парвозҳо ба шаҳрҳои Маскав, Хуҷанд ва дигар самтҳо аз сар гирифта шуд.

Оқои Шодиев мегӯяд, ҳадафи ӯ иддаъои масъулини "Тоҷик эйр" дар мавриди ин ки фурудгоҳи Душанбе бо нашри ин хабар хостааст, ба эътибори ширкати ҳавопаймоии миллӣ зарба бизанад, нодуруст аст.

Ӯ гуфт: "Ба ҷои он ки масъулини "Тоҷик эйр" ба назди мусофироне, ки парвозашон ба таъхирн уфтода буд, баромада, барои онҳо хидматрасонӣ, аз қабилӣ хуроки гарм, ҷои муваққати истиқомат ва ғайраро пешниҳод кунанд, баръакс роҳи дигарро пеш гирифтанд ва гуфтанд, ки мо гӯё барқасдона обрӯву эътибори онҳоро паст мезада бошем".

Қасд ба эътибори "Тоҷик эйр"?


Аммо ин дар ҳолест, ки мақомоти ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" қазияи ба миён омадаро ба гунаи дигаре тафсир карданд.
Лола Кенҷаева, сухангуи ширкати "Тоҷк эйр" ба хабарнигорон гуфтааст, эътибори корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷик эйр" дидаву дониста аз ҷониби муассисаҳое паст зада мешавад, ки чанде пеш ба ҳайъати ширкати давлатии "Тоҷик эйр" шомил буданд.

Ин муассисаҳо Ҷамъияти саҳҳомии "Ширкати таъминои сӯзишворӣ" ва корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мебошанд.

Ба гуфтаи Лола Кенҷаева дар воқеъ ширкати "Тоҷик Эйр" аз "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" қарздор аст. Аммо ин қарз дар асоси ҷадвали мувофиқа намудаи ду ҷониб пардохт мешавад.

Таърихчаи таъхири парвозҳо

Масъулини ширкати "Тоҷик эйр" гуфтаанд, ки "шоми рӯзи 6 уми июл, Ҷамъияти саҳҳомии "Ширкати таъмини сӯзишворӣ ва ширкати "Тоҷик эйр" дар мавриди таъмини ҳавопаймоҳои ин ширкат бо сӯзишворӣ, созиш карданд. Вале субҳи рӯзи 7 уми июл, қабл аз парвози ҳавопаймоҳо, дар ҳоле, ки қисми бештари маблағи қарз пардохт шуда буд, кормандони "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" изҳор карданд, ки роҳбаронашон гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик эйр"-ро бо сӯзишворӣ таъмин накунанд ва худашон берун рафтаанд. Баъдан раҳбарияти ширкати "Тоҷик эйр" барои ҳалли ин қазия ва гирифтани сӯзишворӣ, аз воҳоиди низомии Фаронса, мустақар дар фурудгоҳи Душанбе кӯмак хостаанд. Нерӯҳои Фаронса мехостанд ба ҳавопаймоҳои "Тоҷик эйр" сӯхт бидиҳанд. Аммо кормандони "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" ба ин ин иқдом мухолифат карданд. Қазия танҳо баъди дахолати раҳбари "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" ҳал шуд".

Баъзе коршиносони соҳа тахмин мезананд, ки ин қазия бар пояи рақобати байни ширкатҳои ҳавпаймоӣ ба миён омадааст.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ амал мекунад. Яке ширктаи давлатии «Тоҷик эйр» ва дигаре ширкати хусусии «Сомон эйр» мебошад.

Таъхири тарвозҳо нишони рақобати ширкатҳо?

Суоли дигар ин аст, ки чаро ширкати "Тоҷик эйр" агар бо ин ширкати таъминкунандаи маводи сӯхт мушкил дорад, наметавонад сӯзишвориро аз ширкати дигаре дарёфт кунад?

Фахриддин Неъматов, ки чанд соли қабл фурудгоҳи Душанберо бо маводи сӯхт таъмин мекард, мегӯяд, дар ин кор худи "Тоҷик эйр" низ муқассир аст.

Ӯ гуфт: "Ширкати "Тоҷик эйр" қарздор аст. Ва ягона роҳи раҳоӣ эълони тендер барои хариди маводи сӯхт аст. Ин ширкат бояд ин корро бикунад. Ва аз қиммати гарони маводи сӯхт раҳоӣ ёбад".

Оқои Неъматов мегӯяд, ки таъсиси ширкати давлатӣ барои таъмини сӯзишвории фурудгоҳ иштибоҳ буд. Аммо иштибоҳи дигар ин буд, ки ширкати таъмини сӯзишвории фурудгоҳ вобаста ба ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" аст, ки бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро монополия кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG