Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ду ғули ҷаҳонии футбол бо ҳам бозӣ мекунанд


Шоми имрӯз дар дуввумин бозии ниманиҳоии футбол дар Ҷоми Ҷаҳонӣ ду дастаи қаввии Аврупо, дастаҳои Олмон ва Испания дар варзишгоҳи Ҷоҳаннесбурги Африқои Ҷанубӣ бо ҳам бозӣ хоҳанд кард. Бозӣ соати 23:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. Бозии шоми имрӯз навъе бозии ҷавобӣ ба бозиҳои ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар соли 2008 дар Вена мебошад, ки ин ду даста бо ҳам рақобат карданд ва он вақт Испания бо ҳисоби 1:0 бар Олмон пирӯз ва қаҳрамони Аврупо шуд. Дар бозиҳои чаҳорякниҳоии имсол Олмон дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод ва Испания бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Португалия пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG