Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Урдун ва Андреа Бочеллӣ Назарбоевро табрик мекунанд


Дар Қазоқистон имрӯз 70 солагии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури ин кишварро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Барои таҷлили зодрӯзи ӯ консерту оташбозиҳои диданӣ ва маросими гуногуни идона пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, дар ҷашни зодрӯзи Назарбоев подшоҳи Урдун ва овозхони машҳури итолиёӣ Адреа Бочеллӣ ширкат кунанд. Назарбоев аз замони суқути шӯравӣ то кунун, раҳбари Қазоқистон аст ва рӯзе пештар гуфт, “агар сиҳатиаш иҷоза диҳад, як даҳсолаи дигар низ дар сари қудрат хоҳад монд”. Тайи солҳои раёсати ӯ, Қазоқистон бо сарватҳои саршори табииаш ба яке аз кишварҳои сарватманди шӯравии собиқ табдил ёфт. Аммо Нурсултон Назарбоевро ба хотири саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани озодии матбуот ва дигар озодиҳои сиёсӣ пайваста танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG