Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коморовскиро бо пирӯзиаш табрик гуфтанд


Бронислав Коморовский, раиси ҷумҳури муваққат ва раҳбари ҳизби ҳокими Лаҳистон, дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар пирӯз шуд. Бар асоси натиҷаҳои ниҳоии даври дуввуми интихобот, Коморовскӣ бештар аз 53 дар сади оро ва рақиби муҳофизакораш Ярослав Качинскӣ тақрибан 47 дар сади ороро ба даст овардааст. Ахирӣ бародари Лех Качинскӣ, раиси ҷумҳури пешини Лаҳистон аст, ки рӯзи 10 апрел бар асари суқути ҳавопаймояш дар Русия ҳалок шуд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба Коморовский занг зада ва ӯро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфта ва барои сафар ба Вашингтон даъват кардааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни тамоси телефонӣ, Бронислав Коморовскийро табрик гуфтааст.
XS
SM
MD
LG