Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Остона ба садама дучор шуд


Бар асари садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Баҳром Холназаров ва як масъули дигари сафорат ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Расонаҳои хабарии Қазоқистон навиштаанд, ки ин садама дар вилояти Қараганда шоми рӯзи ҷумъа рух додааст. Пас аз бархурд бо як мошин худрави сафир аз шоҳроҳ берун ва ба обгузари паҳлуи роҳ сарозер шудааст. Ҷароҳати сафир ва ҳамроҳи ӯ сабук гуфта мешавад ва онҳо пас аз расонидани кумаки аввалияи тиббӣ дар бемористон озими сафоратхона шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG