Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳилманд як фармондеҳи "Толибон" асир афтод


Нерӯҳои НАТО дар бораи ҳалокати теъдоди зиёди мусаллаҳони “Толибон” ва ба асорат афтодани яке аз фармондеҳони ин ҷунбиш дар ҳамлае ба қароргоҳи ошӯбгарон дар вилояти Ҳилманд хабар доданд. Низомиёни эътилофи байнулмилалӣ ошӯбгаронро дар мавзеъи Боғрон дар иҳота гирифтанд ва задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Дар бораи шумораи дақиқи кушташудагону маҷрӯҳшудагон алҳол иттилое зери даст нест. Як фармондеҳи "Толибон" дар Навзод, дигар мавзеъи Ҳилманд, маҷрӯҳ шуда ба асорат афтод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG