Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни турк ва курдҳо вориди даргирӣ шуданд


Бар асари як задухӯрд миёни низомиёни турк ва ҷудоихоҳон аз Ҳизби коргарони Курдистон дар ҷанубу шарқи Туркия 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расонаҳои Туркия, 11 тани онҳо ҷудоихоҳони курд, як нафар – сарбози артиши Туркия ва се тани дигар - мусаллаҳони нерӯҳои курдҳои пуштибон аз ҳукумат будаанд.
Шаби гузашта ҷудоихоҳон аз Ҳизби коргарони Курдистон ба постгоҳи артиш дар вилояти Сиирт ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG