Пайвандҳои дастрасӣ

Омори нав оид ба корбарони интернет дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди корбарони интернет дар кишвар ба якуним миллион нафар расидааст. Омори тоза дар мавриди корбарони интернет дар ҷаласаи ҳукумат эълом шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри иттилоъияе гуфтааст, ки дар ин ҷаласа стратегияи давлатиии “Фанновариҳои иттилоъотиву мухобиротӣ барои рушди Тоҷикистон “ баррасӣ шудааст. Дар ин ҷаласа ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» қабул кардааст.
XS
SM
MD
LG