Пайвандҳои дастрасӣ

Бразилия дастаи Чилиро 3:0 шикаст дод


Дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дастаи Бразилия бо се голи беҷавоб (3:0) дастаи Чилиро шикаст дода, ҳаққи ширкат дар бозиҳои чорякниҳоиро соҳиб гашт. Рақиби Бразилия дар даври навбатӣ дастаи Нидерланд хоҳад буд, ки рӯзи душанбе дастаи Словакияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар бозиҳои қаблӣ Аргентина Мексикаро 3:1 ва Олмон Англияро 4:1 шикаст доданд. Рӯзи савуми июл Аргентина барои ҳаққи идомаи мубориза дар варзишгоҳи Кейптаун бо Олмон рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG