Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи мурофиаи додгоҳии Нориега дар Порис


Дар Порис мурофиаи додгоҳии диктатори собиқи Панама Мануэл Нориега шурӯъ шуд. Мақомоти Фаронса Мануэл Нориегаро дар “шустушӯи маблағ” айбдор мехонанд. Раҳбари собиқи Панама охирҳои солҳои 80-ум се миллион доллари аз наркобаронҳои Колумбия гирифтаашро ба суратҳисобҳо дар бонкҳои Фаронса гузаронда ва ин маблағро барои харидории биноҳо дар ин кишвар сарф карда буд. Мануэл Нориега соли 1999 аз сӯи додгоҳи Порис ба даҳ соли маҳбас маҳкум шуда буд. Тибқи ҳукм, ӯ бояд ба маблағи 14, 5 миллион евро ҷарима пардохт мекард.
Мануэл Нориега бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухадир 20 солро дар як маҳбаси ИМА сипарӣ кард ва охири моҳи апрели соли равон ба Фаронса истирдод шуд.
XS
SM
MD
LG