Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими Анқара фақат марбути ҳавопаймоҳои низомист


Туркия ҳарими ҳавоии худро фақат барои парвози ҳавопаймоҳои низомии Исроил бастааст. Дар ин бора як мақоми ҳукумати Туркия хабар дод ва гуфт, ки барои парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар чун пештара мушкиле эҷод нахоҳад шуд. Аз ин пеш сарвазири кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон тасмими ҳукумат барои бастани ҳарими ҳавоиро бо ҳамлаи тақрибан як моҳи пеши низомиёни исроилӣ ба киштии ҳомили кумаки башарӣ барои навори Ғазза бастагӣ дода буд. 31 май корвони киштиҳо талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Ин ҳодиса боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар равобити миёни Туркия ва Исроил шуд.
Ба иттилоъи расонаҳои исроилӣ, аз ин пеш Туркия, бидуни ҳушдори пешакӣ, ба парвози ҳавопаймое иҷоза надод, ки тавассути он низомиёни Исроил ба Лаҳистон парвоз мекарданд.
XS
SM
MD
LG