Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон райдиҳӣ барои Қонуни Асосӣ идома дорад


Зери тадобири шадиди амниятӣ дар Қирғизистон райдиҳӣ барои Қонуни Асосии нави ин кишвар идома дорад. Роза Отунбоева-раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар шаҳри Ӯш рай дод. Вай ҳангоми андохтани баргаи рай ба сандуқ изҳор дошт, ки мардум бо райи худ собит хоҳанд сохт, ки онҳо хостори сулҳу оромӣ мебошанд. Мақомоти ҳукумати муваққатӣ дирӯз дар остонаи рӯзи райдиҳӣ қуюди шабгардиро дар шаҳри Ӯш лағв карданд. Ин шаҳр маркази оғози нооромиҳои ахир дар кишвар буд ва дар ин нооромиҳо дастикам 275 нафар кушта шуд. Пешнависи Қонуни Асосии нав салоҳияти раиси ҷумҳурро дар Қирғизистон маҳдуд мекунад. Вале баръакс салоҳияти порламон афзоиш меёбад. Дар сурати тасвиби ин қонун чунин низом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар Қирғизистон ҷорӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG