Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи сарони G-8 баъди мулоқоташон дар Канада


Раҳбарони гурӯҳи Ҷи 8 ғарқ кардани киштии Куриёи Ҷанубӣ аз тарафи Куриёи Шимолиро маҳкум карда ва аз Эрон хостанд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Дар тарҳи баёнияи раҳбарони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Канада ва Ҷопону Русия вазъи Навори Ғазза “нопойдор” хонда шудааст. Онҳо ҳамчунин тарҳи пешнависи стротежии панҷсола барои хориҷ шудан аз Афғонистонро рехтаанд. Баёнияи раҳбарони ҳашт кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳон баъди мулоқоти онҳо дар шаҳри осоишгоҳи Ҳанствилл дар Онтариои Канада содир шуд. Қарор аст, раҳбарони гурӯҳи Ҷи 8 ба нишасти мақомоти Гурӯҳи 20 мураккаб аз кишварҳои дар ҳоли рушди ҷаҳон дар шаҳри Торонтои Канада бипайванданд.
XS
SM
MD
LG