Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Қурмонбек Боқиевро боздошт карданд


Маъмурони амниятии Қирғизистон Санҷарбек Боқиев, бародарзодаи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршударо дастгир кардаанд, ки дар даст доштан дар низоъҳои қавмии ахир муттаҳам мешавад. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Санҷарбек Боқиеви 27-соларо дар кӯҳистонҳои наздики шаҳри Ҷалолобод дастгир кардаанд. Санҷарбек Боқиевро ба барангехтани низоъҳои хунини миёни ӯзбаку қирғизҳо дар ду ҳафтаит гузашта муттаҳам мекунанд. Дар ин низоъҳо дасти кам 250 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG