Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Гурӯҳи G-8 дар Канада гирд меоянд


Раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз барои гуфтӯгу дар мавриди масоили иқтисодӣ дар Канада ҷамъ меоянд. Раҳбарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон мавсум ба Гурӯҳи 8 дар шаҳри Онтарио воқеъ дар 200 километрии шимоли Торонто имрӯз мулоқот мекунанд ва сипас ба мақомоти расмии Гурӯҳи 20 мепайванданд, гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли рушд мепайванданд, ки ҳамоиши якҷояи онҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор хоҳад шуд. Эҳёи иқтисод ва рушди ҷаҳонӣ баҳси аслии ин ҳамоишҳо аст. Ҳукумати Амрико аз ин давлатҳо хостааст, то аз барномаҳои кӯмакӣ барои такон додани рушди иқтисодӣ даст накашанд. Бисёре аз кишварҳои Аврупо мегӯянд, барои коҳиши хароҷоти давлатӣ, бояд молиёт ва имтиёзҳоро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG