Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Минск ва Маскав дар мавриди мушкили газ


Интиқоли гази Русия ба Белорус ва транзити газ тавассути қаламрави Белорус дар ҳаҷми пешина аз сар гирифта шуд. Ба иттилоъи “Газпром”, ширкат интиқоли газ ба кишвари ҳамсояро баъд аз пардохти қарзи Минск барқарор кард. Рӯзи панҷшанбе Белорус маблағи қарз барои гази истифодашударо ба ҳисоби “Газпром” гузаронд. Аз ин пеш Минск расман тайид кард, ки “Газпром” ҳам 228 миллион доллар қарз барои транзити газ ба Аврупо аз тариқи қаламрави Белорусро пардохт кардааст. Ҳамзамон Минск изҳор намуд, ки ширкати русӣ ҳанӯз ҳам барои транзити газ аз Белорус даҳҳо миллион доллар қарздор аст.
XS
SM
MD
LG