Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи сангини саломатии овозхон Шоиста Муллоҷонова


Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, собиқ устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, овозхони саршинос Шоиста Муллоҷонова, ки солҳои охир дар Ню Йорк зиндагӣ мекард, имрӯз дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуд ва пизишкон вазъи ӯро сангин номидаанд. Муллоҷонова, ки соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, пас аз хатми Консерваторияи Маскав солҳои зиёд дар Театри академии опера ва балети ба номи Айнӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Вай дар солҳои гуногун бо барномае аз таронаҳои классикӣ ва мардумӣ ба даҳҳо кишвари дунё сафар ва аз ҳунари тоҷик намояндагӣ кардааст. Ҳунаршиносон овози Шоиста Муллоҷонова -- сопранои лирикиро яке аз навъҳои нодир арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG