Пайвандҳои дастрасӣ

Доку Умаров - дар феҳристи омилони терроризми ИМА


ИМА раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаровро ба феҳристи омилони терроризм шомил кард. Қабл аз сафари раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Калифорния, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки ҳама ҳисобҳои бонкии Доку Умаров дар ИМА мунҷамид шудаанд ва ширкатҳову афроде, ки бо ӯ сару кор доранд, мавриди таҳрим қарор хоҳанд гирифт.
Мақомоти Русия Доку Умаровро дар чандин ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла, ташкили инфиҷорҳо дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав дар моҳи марти соли равон айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG