Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳон-2010: боз чаҳор даста дар ҳаштякфинал


Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Африқои ҷанубӣ боз чаҳор даста – Амрико, Англия, Олмон ва Гана ба бозиҳои ҳаштякфиналӣ роҳ ёфтанд. Зимнан, дирӯз дастаи Олмон аз болои Гана бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд ва аммо дар ҷадвали гурӯҳи Д таносуби тӯбҳои Гана назар ба Австралия беҳтар буд. Ба назар мерасад, Гана ягона кишвари африқоӣ хоҳад буд, ки мубориза барои Ҷоми ҷаҳонро идома медиҳад.
Имрӯз дастаҳои Словакия ва Италия, Парагвай ва Зеландияи нав, Дания ва Ҷопон, Камерун ва Ҳуланд бо ҳам бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG