Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус қарзро пардохт ва ба Русия таҳдид кард


Имрӯз Беларус гуфт, ки қарзи Русияро барои газ пурра пардохт кардааст ва таҳдид кард, ки агар "Газпром"-и Русия ҳақи транзити газ аз қаламрави Беларус ба Аврупоро пардохт накунад, тарнзити газ ба Аврупоро рӯзи панҷшанбе қатъ хоҳад кард. Уладзимер Сиамашка-муовини аввали нахуствазири Беларус гуфт, кишвараш 187 миллион қарзи худро ба Русия пардохт кардааст. Агар Русия 260 миллион қарзи худро барои транзити газу нафт ба Аврупо аз қаламрави Беларус пардохт накунад, интиқоли газро қатъ мекунад.
XS
SM
MD
LG