Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаводиси Қирғизистон, ба назари коршиносони тоҷик, ба куллӣ манзараи сиёсии минтақаро тағйир дод ва мардум бори дигар ба чунин хулоса расиданд, ки тариқи силоҳу эътирозҳо наметавонанд зиндагии худро беҳбуд бахшанд.

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки мушкилоти иҷтимоии мардум ва дар баробари ин норизоиятиҳо дар минтақа, бахусус Тоҷикистон, афзоиш меёбад. Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, мардуми минтақа роҳе ба ҷуз аз сабру таҳаммул надоранд, зеро дар мисоли Қирғизистон бори дигар собит мешавад, ки қудратҳои хориҷӣ омодаанд аз ҳар гуна эътирозҳо ба нафъи таҳкими ҷойгоҳи худ дар минтақа истифода кунанд ва ин ба қимати хуну ҷонҳои бохтаи мардуми минтақа ба даст меояд.

Дастак барои ҳукуматҳои худкома

Ҳаводиси ахир дар ҷануби Қирғизистон, ба қавли коршиносони тоҷик, дигарбора ба ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ дастак медиҳад то мардумро итминон диҳанд, ки агарчи аз озодиҳои башарӣ ва вазъи хуби иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд, рӯзашон аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз таҳаввулоти моҳи апрел дар Қирғизистон ва сарнагуншавии раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев коршиносон мегуфтанд, раҳбарони Осиёи Марказӣ ба ҳарос афтодаанд, ки чунин сарнавишт онҳоро низ интизор аст.

Санҷар Ҳамидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин гардиши куллӣ дар сиёсатҳои минтақавӣ тасодуфӣ нест, зеро мардуми минтақа баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дарк карда буданд, ки тариқи гирдиҳамоӣ ва силоҳ зиндагии худро наметавонанд беҳбуд бахшанд:

«Табиист, ки имрӯз барои заҳр позаҳр вуҷуд дорад. Касе ҳатто фикр намекунад, ки силоҳ дар даст фикру мавқеву эътирози худро баён кунад. Масалан, Тоҷикистон ба чунин марҳалае ворид шудааст, ки мардумаш интизори иҷрои барномаҳои иқтисодӣ ҳастанд. Масалан, барои нерӯгоҳи Роғун маблағ доданд, акнун мунтазиранд, ки ҳукумат онро чӣ тавр ба итмом мерасонад, нерӯгоҳ ва боз дигар иншоотҳои азимро».

Ҷаноби Ҳамидов мегӯяд, вобаста ба шароит ҳар кишвари Осиёи Марказӣ мушкилоти хоси худро дорад ва ҳукуматҳои худкома ба таври худ эътирозҳои мардумро маҳор кардаанд. Дар мисоли Тоҷикистон, онҳо мегӯянд, таҷрибаи тарс додани мардум бо гузаштаи начандон дур, яъне ҷанги шаҳрвандӣ ба як шеваи бархӯрд табдил ёфтааст. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус қабл аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили интихоботҳо батакрор сабтҳои ҷанги шаҳрвандиро ба намоиш мегузорад.

Заминаҳои норизоият ва эътирози мардум дар Тоҷикистон

Ва ин ҳам дар ҳоле, ки тайи як соли ахир ҳукумати ин кишвар як қатор маърака ва иқдомотеро роҳандозӣ кард, ки бар норизоиятии сокинони кишвар афзуд. Коршиносон қабл аз ҳама ба маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ишора мекунанд, ки дар оғоз як маъракаи ихтиёрии умумимиллӣ буд ва дар фазои ифтихори милливу ватандӯстӣ баргузор шуд, аммо бо кор гирифтани фишору маҷбуркунии ҷомеа анҷом ёфт.

Пулакӣ кардани роҳи Душанбе—Чаноқ яке дигар аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон буд, ки боиси норизоиятии сокинони кишвар шуд. Ба ҳамин минвол, боло рафтани қимати молу коло дар бозорҳо, барқ ва дигар хадамоти коммуналӣ ва ниҳоят бамаротиб афзудани нархи бензин дар Тоҷикистонро коршиносон аз авомили дигари афзоиши норизоиятиҳо унвон мекунанд.

Дар баробари ин як қатор иқдомоти дигар, аз қабили афзоиши андоз барои соҳибкорон, маҳдуд кардани ҳаракати мошинҳои мусофиркаш, аз қабили «тангемҳо», манъи фаъолияти созмонҳои ғайриқонунии мазҳабӣ, аз қабили салафия, Ҷамоаи таблиғ ва Ҳизбуттаҳрир низ боиси норизоиятии доираҳои муайяни аҳолии Тоҷикистон шудаанд.

Назари сокинони оддии кишвар

Як сокини Хуҷанд мегӯяд, мардуми ин шаҳри калидии шимоли Тоҷикистон аз қадим алайҳи таҷовузу зулм сар боло накардаанд: «Китоби таърихро варақ гардонед. Хони Қӯқанд омад, гуфтем, ки шукри Худо, аз қисмат. Хони Самарқанд ҳам омад, чунин гуфтем. Барои ҳамин халқи Хуҷандро бофарҳанг ҳам мегӯянд ва барои ҳамин тарсу ҳам ном мебаранд. Ин ҳақиқат аст. Маҳмуд «Герой» ҳам омад, пешвоз гирифтанд, ҳарчанд норозӣ буданд. Аммо чӣ кор аз даст меояд? Дуввум, норозигиро ба кӣ баён мекунед? Ба ҷуз беназмӣ дигар чизе ба даст намеояд. Танҳо ба Худову президент умед мебандем. Лекин сардори давлатамон як бор ба халқ нигоҳ кунанд. Охир, президентро халқ интихоб кардааст, на президент халқро. Он кас одами бофарҳангу атрофашон нобоб».

Ва як сокини Бадахшон мегӯяд: «Агар норозӣ ҳам бошам, ҳамфикрҳои худро дар як майдон ҷамъ карда наметавонам ва онҳо ҳам бо мавқеи ман розӣ буда наметавонанд. Митингҳоро мардуми кишварҳои пешрафта мекунанд. Мо тайёр нестем».

Пайомадҳои ноамниҳои сиёсӣ дар минтақа

Абдуллоҳи Ҳаким, коршиноси тоҷик, ҳам бо ишора ба заъфи фарҳанги сиёсии мардуми Осиёи Марказӣ мегӯяд, ҳаводиси ҷануби Қирғизистон воқеияти сохторҳои ҳукмрон дар минтақаро собит сохтанд: «Бале, вазъият печида аст, гоҳо тоқатфарсост, вале агар ноамнии сиёсӣ ва куштори ҷамъӣ ва задухӯрдҳои қавмиву милливу сиёсӣ, ки хоси ин минтақаанд, ба вуҷуд биёяд, вазъият бадтар мешавад. Охирин нукта ин, ки аз бадтар шудани вазъият дар минтақа қудратҳои хориҷӣ манфиатдоранд, зеро ин баҳонае мешавад барои ҳузури онҳо ва барои ворид шудани низомиёну сиёсиёни онҳо ба равандҳои минтақа. Аз ин хотир, ба ҳар баҳое бошад, ҳифзи суботи ин минтақа пеш аз ҳама барои мардуми ин минтақа мавзӯи ҳаётӣ аст».

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон қонунӣ эълон кардани роҳи пулакии Душанбе—Чаноқ ва бори дигар пеш омадани масъалаи манъ кардани ҳаракати «тангемҳо»-и мусофиркаш дар Душанберо аз ҷумлаи иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон унвон мекунанд, ки аз вазъи ҷануби Қирғизистон, ба истилоҳ, илҳом гирифтаанд. Таъхир дар ин ду тасмимро қаблан маҳз ҳаводиси моҳи апрели Қирғизистон меномиданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG