Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Ӯш сангарҳоро аз кӯчаҳо мебардоранд


Сарбозони Қирғизистон ба бардоштани сангарҳои худсохти атрофи маҳаллаҳои ӯзбакнишин дар шаҳри Ӯш шурӯъ карданд, ки саҳнаи аслии низоъҳои хунини қавмӣ дар ҳафтаи гузашта буд. Мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои сӯхта, тахтаҳои бетонӣ ва дарахтонеро аз роҳҳо канор мебаранд, ки ӯзбактаборону қирғизҳо дар ҷараёни низоъҳо бардошта буданд. Бино ба гузоришҳо, дар баъзе аз манотиқ ӯзбакҳо ба сарбозон дар бардоштани сангарҳо кӯмак мекунанд ва шаҳри осебдида ҳам ором аст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар низоҳъои қавмӣ дар шаҳри Ӯш ва атрофи он шояд бештар аз 2000 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дасти кам 400 ҳазор нафари дигар овора ва ба кӯмакҳои хайрия мӯҳтоҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG