Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисоси маблағ барои хариди мушакҳои Алазан


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, то барои хариди мушакҳои Алазан, ки барои пешгирӣ аз боришоти жола истифода мешавад, 1 миллион сомонӣ, чизе бештар аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос диҳанд. Чанде пеш, ҳукумати Тоҷикистон аз Русия расман хост, то воридоти ин навъи мушакҳоро, ки барои аҳдофи ғайринизомӣ истифода мешавад, иҷоза диҳад. Тоҷикистон имсол шоҳиди боришоти зиёду боронгарӣ ва селу обхезӣ шуд, ки дар натиҷаи он, дар маҷмӯъ бештар аз 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар бенишон шуданд. Хисороти ворида аз фалокатҳои табии имсола миллионҳо долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG