Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева бо вазъи маҷрӯҳони низоъ ошно мешавад


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, имрӯз вориди шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби кишвар шуд. Интизор меравад, ки ӯ қабл аз ҳама дар бемористонҳо бо вазъи сиҳати афроди бар асари нооромиҳо осебдида ошно шавад ва баъдан бо раҳбарони шаҳр мулоқот анҷом диҳад.
Қарор аст, ки имрӯз Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии ИМА, ба Қирғизистон сафар кунад. Ӯ мехоҳад зимни ин сафар ҳаҷми кумаки башарии барои даҳҳо ҳазор фирориён заруриро мушаххас намояд. Ба иттилоъи Кумитаи умури паноҳандагони СММ, дар ду тарафи марзи Қирғизистону Ӯзбакистон, тақрибан 400 ҳазор ӯзбакҳои бар асари задухӯрду нооромиҳо аз вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод фироркарда ҷамъ омадаанд. Тибқи иттилоъи ахири расмӣ, бар асари бархӯрдҳои қавмӣ 191 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, имрӯз изҳор намуд, ки мақомоти Қирғизистон дархосташон аз Русия дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳро бозхондаанд. Мақомоти Қирғизистон эълом доштанд, ки бо нерӯи худ вазъ дар ҷануби кишварро ором мекунанд.
XS
SM
MD
LG