Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Ҳамос ба сабук кардани муҳосираи Ғазза


Ба думболи фишори ҷомеаи байналмилалӣ ба Исроил барои юриши маргбораш ба як киштии кӯмакрасони Ғазза, ин кишвар, муҳосираи заминии минтақаи мазкурро сабуктар кард. Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, феҳрасти молҳои ғайринизомии воридотӣ ба Ғазза васеътар мекунад. Бино ба гузоришҳо, аз ҷумла воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои иҷрои тарҳҳои сохтмонии Созмони Милал дар Навори Ғазза иҷоза дода хоҳад шуд. Аммо Самӣ Абӯ Зӯҳрӣ, сухангӯи Ҳамос, гуфт, иқдоми Исроил вазъи мардуми Ғаззаро сабуктар нахоҳад кард: "Эъломия дар мавриди воридоти 100 навъи молу коло танҳо як тарғиботи матбуотӣ аст ва табиати муҳосираро тағйир намедиҳад. Мардуми мо мӯҳтоҷи ин молу коло нест, мӯҳтоҷи майонез ва чипс нест. Мо ба мӯҳтоҷи масолеҳи воқеъӣ ҳастем, мӯҳтоҷи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла оҳану семент. Мо намехоҳем муҳосира сабук шавад, мо мехоҳем, онро комилан аз байн бардоранд." Исроил баъди он як чунин гоме бардошт, ки барои юриши маргбораш ба киштии кӯмакрасони Ғазза дар рӯзи 31 аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ башиддат маҳкум шуд. Дар ин юриш нӯҳ фаъоли тарафдори фаластиниён кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG