Пайвандҳои дастрасӣ

Бекназаров авзоъ дар Ӯшро нисбатан ором хонд


Нерӯҳои Қирғизистон имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Ӯш гаштзанӣ мекунанд, ки ин шаҳр ба саҳнаи низоъи хунини миёни қирғизҳову ӯзбакҳо табдил шуд. Азимбек Бекназаров, муовини раҳбари давлати муваққат дар Қирғизистон вазъ дар шаҳри Ӯшро нисбатан ором арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: "Шаб орому осуда гузашт. Аммо дар баъзе ҷойҳо, дар наздикии Ӯш дар рустои Наримон, тирандозиҳои алоҳида сурат гирифт. Дар маҷмӯъ авзоъ дар шаҳр ором аст ва зиндагӣ аз нав ба маҷрои оддии худ бармегардад. Баъзе аз мағозаву қаҳвахона ва нонвойҳо кор мекунанд." Дар низоъҳои қавмии Қирғизистон то кунун 187 нафар кушта ва тақрибан 2000 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Ҳазорон овори ӯзбак ба Ӯзбакистон гурехтаанд ва теъдоди бештаре ҳам дар талоши вуруд ба Ӯзбакистонанд. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишвар зимни сӯҳбат бо Бан Кӣ Мун хостори кӯмаки фаврии Созмони Милал ба ӯзбакҳои овора шудааст. Муассисаи паноҳандагони Созмони Милал гуфт, ду ҳавопаймои кӯмакҳои хайрия дар шаҳри Андиҷон фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG