Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди панҷрӯзаи Ҳомиди Карзай аз Ҷопон


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз дар Токио бо раҳбарони Ҷопон масъалаи беҳбуди вазъи амниятӣ ва шеваи мудирият дар кишварашро баррасӣ мекунад. Агарчӣ Ҷопон ба Афғонистон нерӯ нафиристодааст, аммо умдатарин кишвари кӯмакрасони он мебошад. Ҷопон барои панҷ соли оянда ба Афғонистон 5 миллиард доллар кӯмак ваъда кардааст, аммо таҳти ин шароит, ки вазъи амнияти иҷрои тарҳҳои кӯмакиро имконпазир кунад ва кӯмакҳои молӣ ҳам сӯистифода нашавад. Кӯмакҳои молии Ҷопон то кунун барои бунёди роҳҳо ва фурудгоҳи Кобул ва ҳамчунин барои пардохти музди пулиси Афғонистон масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG