Пайвандҳои дастрасӣ

Испания дар Ҷоми Ҷаҳонӣ аз Шветсария шикаст хӯрд


Дирӯз дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ ғайриинтизор дастаи Шветсария бар дастаи Испания бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Испания қаҳрамони футболи Аврупост ва аз он муддаъии аслии қаҳрамони ояндаи футболи ҷаҳон ном мебаранд. Дар 50 бозии ахир ин дуввумин бохти дастаи мунтахаби Испания аст. Дар давоми бозӣ дастаи Испания бартарӣ дошт, вале натавонист хати дифои Шветсарияро рахна кунад. Вале Эрен Дердиёк аз дастаи Шветсария хати дифоъи ҳарифро шикаст ва тӯбро вориди дарвоза кард. Дар бозии дигар дастаи Ҳондурас бар дастаи Чилӣ бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG