Пайвандҳои дастрасӣ

Мудирони BP мунтазири мулоқот бо Барак Обама


Мудирони ширкати Бритиш Петролиум имрӯз ба хотири мулоқот бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико вориди Вашингтон шуданд. Як рӯз пеш аз ин Барак Обама, зимни суханронӣ дар Кохи Сафед, аз резиши фалокатбори нафт дар Халиҷи Мексика башиддат интиқод кард. Як дастёри аршади Обама гуфтааст, ки ҳукумати Амрико аз тамоми “абзори ҳуқуқӣ” истифода хоҳад кард, то ширкати Би Пи хароҷоти поккории манотиқи олудашудаи иёлоти соҳилии Амрико бипардозад. Резиши нафт ба дарё аз як чоҳи мутаалиқ ба ширкати бритониёии Бритиш Петролиум, фалокати бади муҳитизистӣ ва хисороти зиёди молиро дар Амрико ба бор овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG