Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Роберт Блейк аз Амрико вориди Тошканд мешавад


Имрӯз як мақоми баландпояи вазорати корҳои хориҷаи Амрико барои боздид вориди Тошканд мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар аз маҳалли хушунатҳои қавмӣ аз Қирғизистон ба Узбакистон фирор кардаанд. Роберт Блейк-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико барои омӯзиши вазъ ба Осиёи Марказӣ фиристода мешавад ва вай бо мақомти маҳаллӣ роҷеъ ба вазъ машварат хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, дар нооромиҳои ҷануби Қирғизистон 176 нафар кушта, бештар аз 2000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, дипломати баландпояи Амрико барои умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ имрӯз, чаҳоршанбе аввал ба Тошканд меравад ва сипас аз водии Фарғона, аз марз бо Қирғизистон боздид мекунад. Кровлӣ гуфт, тибқи дастури Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико оқои Блейк рӯзҳои ҷумъа ва шанбе барои машваратҳои мустақим бо мақомоти Қирғизистон дар Бишкек хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG