Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 маъмури пулис дар Афғонистон


Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни ҳамалоти ҷангиён дар ҷануб ва шарқи Афғонистон 12 маъмури пулис кушта шуданд. Пулис мегӯяд, 5 маъмураш бар асари як ҳамлаи шаби гузашта ба посгоҳи пулис дар ҳошияи шаҳри Ғазнӣ ва дуи дигар дирӯз дар як шабехун дар улусволии Хогёнии вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расиданд. 4 пулис марги худро аз таркиши бомби роҳ дар вилояти Вардак дарёфта ва якеи дигар низ бар асари инфиҷори бомб дар Қандаҳор кушта шуд.
Талафоти ҷонии нирӯҳои НАТО ва Урдуи давлатии Афғонистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиш ёфтааст, вале қурбонии бештарро дар ин авохир нирӯҳои пулис додаанд.
XS
SM
MD
LG