Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти амрикоие, ки Бин Лоденро "шикор" мекард


Пулиси Покистон мегӯяд, як шаҳрванди Амрикоро боздошт кардааст, ки иддао дорад, бо маъмурияти куштани Усома Бин Лоден омадааст. Ассошиэйтед Пресс аз қавли мақоми пулис Мумтоз Аҳмадхон навишт, ки ин мард, ки Гарӣ Фолкнери 52-сола аз аёлати Калифорния будааст, дар ҷангале дар минтақаи Читрол дар шимоли Покистон боздошт шуд. Ӯ бо як туфангча, як ханҷар, як шамшер ва ҳамчунин бо дурбинҳои шабона мусаллаҳ будааст. Фолкнер феълан бароои бозпурсӣ ба мақомоти амниятии Покистон супурда шудааст.
XS
SM
MD
LG