Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Исроил эълон кард, ки бо ҳадафи бозҷӯии фоҷеаи ҳуҷум ба корвони маводи имдодӣ ба Ғазза дар садади таъсиси як комиссиюни мустақили пажӯҳишӣ аст.

Қарор аст, ки ин комиссиюн шароити кушта шудани 9 фаъоли ҷонибдори Фаластиниҳо дар корвони маводи имдодиро пажӯҳиш кунад. Ҳодисаи ҳуҷуми Командоси Исроил ба корвони маводи имдодӣ 31-уми май рух дод. Ин корвон мебоист ба мардуми Ғазза маводи имдодӣ мерасонд, ки муддати мадидест дар муҳосира қарор доранд.

Комиссиюни пажӯҳишӣ таҳти раҳбарии мақоми бознишастаи Додгоҳи Олии Исроил Яаков Туркел фаъолият хоҳад кард. Дар ин комиссиён ҳамчунин ду нозири байналмилалӣ - Девид Тримбл, сиёсатмадори Ирландияи Шимолӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел, ва Генерал Кен Ваткин, собиқ додситони низомии Канада - ҳузур хоҳад дошт.

Қарори Исроил дар пасманзари фишори байнулмилалӣ гирифта шуд, ки аз ин кишвар мехоҳад шарҳ диҳад, ки чаро дар ҷараёни ҳуҷум Командос нуҳ нафарро ба ҳалокат расонд.

Эътирози мунаққидони қазия

Аммо ба назар намерасад, ки ин қарор мунаққидони қазия, масалан Туркияро, ки пажӯҳиши густардаи байналмилалиро тақозо кардааст, қонеъ гадонад. Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки бо назардошти шароити вижа ду нозири хориҷиро низ ба комиссиюн ҳамроҳ кардаанд. Аммо на Тримбл ва на Ваткин дар хулосаи кори комиссиюн ҳаққи овоз надоранд. Онҳо ҳамчунин ба асноде дастрасӣ нахоҳанд дошт, ки ошкор шудани онҳо гунае амнияти миллии Исроилро зери хатар меорад.

Комиссиюн иҷозат надорад аскарони вориди қазияро бозпурсӣ кунад, аммо метавонад аз маводи бозпурсӣ, ки тавассути комиссиюни артиши Исроил анҷом мешавад, истифода кунад.

Истиқболи ИМА аз комиссиюн

Бо вуҷуди ин ҳама Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - шарики наздиктарини Исроил аз иқдоми ахири Тел-Авив истиқбол ва онро қадаме ба пеш унвон кард.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид Сюзан Райс дар сӯҳбати рӯзи якшанбе ба шабакаи телевизионии Fox News гуфт, барои пешбурди пажӯҳиш Вошингтон ва Исроил бар сари сохтори қобили эътимоди бозҷӯӣ кор мебаранд.

Вай афзуд, "мо аз қабл гуфтем, ки Исроил хоҳиш ва тавони ташкили ин гуна бозҷӯии боэътимод ва бетарафонаро дорад. Дар тӯли чанд ҳафтаи гузашта мо ҳамкории танготангро ба Исроил ба роҳ мондем, то роҳҳои чигунагии бозҷӯӣ мушаххас шавад. Мо аз ин пуштибонӣ мекунем ва ба назари мо ин чолиш бояд ҳаллу баррасӣ шавад."

Муҳосираи сесолаи Ғазза

Баҳсҳо дар атрофи ҳуҷуми Командоси Исроил ба корвони маводи имдодӣ масъалаи бузург - муҳосираи сесолаи Ғаззаро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дод, ки президенти Амрико Борак Обама онро "нопойдор" унвон кард.

Вазирони ҳориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар Люксембург муҳосираи Ғаззаро амали ғайриқобили қабул унвон карданд. Созмони байналмилалии Салиби Сурх низ муҳосираи Ғаззаро нақзи Эъломияи Женева номид ва гуфт, мардуми Ғазза барои барои гуноҳи накарда муҷозот шудаанд.

Исроил борҳо гуфтааст, ки муҳоисираи Ғазза ба хотири ҷилавгирӣ аз дастрасии гурӯҳи Ҳаммос ба силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба роҳ монда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG