Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз қаҳрамони футболи ҷаҳон бозӣ мекунад


Имрӯз дар чаҳорумин рӯзи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи Ғ (эф) дастаи мунтахаби Италия-қаҳрамони футболи ҷаҳон дар варзишгоҳи Кейптавн бо дастаи Парагвай бозӣ мекунад. Чаҳор соли пеш Италия дар Олмон соҳиби ин унвон шуд. Дар гурӯҳи Е дастаҳои Голландия ва Дания бозӣ мекунанд. Ҷопон бо Камерун ба рақобат мепардозад. Дар бозиҳои дирӯз, якшанбе Олмон бар Австралия бо ҳисоби 4 бар 0 ва Ғано бар Сербистон бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуданд. Словения Алҷазоирро 1 бар 0 шикаст дод. Словения бори аввал дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG